Эшони Нуриддинҷон Эшони Нуриддинчон
- ID 38226239
- Домен eshoninuriddinjon
- Название Эшони Нуриддинҷон Эшони Нуриддинчон
- Статус "ادع إلى سبيل ربك بالحكمة والموعظة الحسنة" "(мардум)-ро бо ҳикмат ва андарзи неку ба роҳи парвардигорат даъват намо"
- Тематика Публичная страница
- Сайт http://turajon.org http://www.youtube.com/turajoncom
Қаҳоров Нуриддинҷон маъруф ба Эшони Нуриддинҷон 20-03-1953 дар деҳаи Туркобод ноҳияи Кофарниҳон дар хонадони ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) ба дунё омада аст. Нуриддинҷон аз овони кудаки шавқу рағбати зиёде ба илм омўзи дошт, ки падари бузургвораш ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) уро ба назди бобояш домулло Абдуссамади Ромити гузошт. Дар назди эшон аксари қурьонро ҳифз намуда, улуми аввалиро низ аз Ў гирифт. Эшон ҳанўз аз айёми кудаки бо овози хушу форами худ муҳаббати қуръонро дар синаи дустдоронаш дучанд гардонида буд. Сипас илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромити омухт. Баъд аз он барои омўхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мирос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони ҳиндустони рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирди кашид то ин улумро аз худ кард. Эшон аз ҷумлаи шогирдони мумтоз ва ангуштшумори Мавлави буд, ки ҳануз дар айёми ҷавони унвони донишманди ва фақеҳиро дар миёни аҳли илми кишвар касб кард. Ў со